Аз фоҷиаи Фархор - ба дарё партофта шудани чаҳор фарзанд аз сӯи модарашон чор рӯз гузашт, аммо то ҳол ҷасади ду кӯдак ёфт нашудааст. Худи Мадина Ҳалимоваи 27-сола, ки дар ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдааст, дар боздоштгоҳ қарор дорад ва мақомот воқеаро тафтиш мекунанд. Ин зан гумонбар ба куштор аст. Парванади Мадина Ҳалимоваро додситонӣ ба ӯҳда дорад.
Мақомоти ноҳияи Фархор фақру нодорӣ ё мушкилоти рӯзгорро ҳамчун сабаби воқеа рад мекунанд. Дилбар Раҳматуллозода, муовини Раиси нохияи Фархор рӯзи 3-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки се рӯз аст ба ин хона мераванду меоянд. Ба гуфтаи ӯ, хушдоман, хоҳарони шавҳар ва ҳатто ҳамсоягон аз Мадина ва робитаҳояш бо оилаи шавҳар ситоиш карданд.
Дилбар Раҳматуллозода, муовини раиси нохияи Фархор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ин як хонаводае аст, ки кумакаш ба ҳама мерасад ва дар ҳамин деҳа онҳоро ба номи эшонҳо мешиносанд. Мадина дар паҳлӯи хонаи хушдоманаш хона доштааст ва хонаву даре, ки ӯ дошт, шояд бисёриҳо орзу мекарданд. Хушдоман, хоҳарарӯсҳояш, ҳамсояҳо – ҳама аз Мадина таъриф карданд. Хушдоманаш гуфт, ки “агар хӯрок омода мекард, аввал ба хонаи ман меовад” ва то кунун хушдоманаш бовар надорад, ки чунин ҳодиса шуда бошад. Модари Мадина ҳам ҳамин ҷост ва ҳеҷ миёни хешовандон ҷанге нест ва ҳама ашк рехта аз ӯ тавсиф доранд”, - гуфт муовини раиси ноҳияи Фархор.
Дилбар Раҳматуллозода, муовини раиси ноҳия, иддаои хонаводаи шавҳарро, ки гӯё Мадина Ҳалимова мушкили равонӣ дорад, рад кард ва гуфт, таҳқиқ нишон дод, ки Мадина дар ҳеҷ бемористон ҳамчун бемор сабт нашудааст. Ӯ ба такрор гуфт, ки тафтиши мақомот ҳамаи ҳолатро дақиқ хоҳад кард.
Дар идораи Кумаки аввалияи беҳдоштӣ ва тиббии ноҳияи Фархор гуфтанд, ки Мадина Ҳалимова чаҳор фарзандашро бидуни ҳеҷ мушкил ба дунё оварда, ҳатто дар қайди бемористон ва ё бунгоҳи тиббӣ деҳот набудааст.
Хонаводаи Қудратулло Шарифов, ҳамсари Мадина Ҳалимова дар суҳбати катбӣ бо Радиои Озодӣ фарзияи “баҳси хонаводагӣ ва доштани зани дуюм”-ро низ рад карданд. Онҳо иддао карданд, ки Мадина Ҳалимова бемории “рӯҳӣ” дошта ва мунтазам ӯро табобату дуохонӣ мебурданд ва дар гузашта ҳам як бародараш даст ба худкушӣ зада будааст.
Дилбар Раҳматуллозода, муовини раиси ноҳияи Фархор гуфт, ки ҳоло мақомот ҳодисаро тафтиш дорад. Ба гуфтаи ӯ ба зуди қазия аз сӯи мақомот рӯшан хоҳад шуд, ки сабаби даст ба ин кор задани Мадина Ҳалимова дар чӣ будааст.
Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои ба таври фоҷеабор бо гуноҳи модар ба об ғарқ шудани кӯдакоки як оила дар гузашта ҳам рух додааст ва дар гузашта аксари чунин ҳолатҳоро мақомот ба хушунати хонаводагӣ рабт додаанд.
Гуфтугӯ