Тоҷикистон назар ба ҳамсояҳои дигари Эрон дар Осиёи Марказӣ дар ҷанги 12-рӯзаи Исроил бо ин кишвар мавқеи ошкортар ва қотеътар дошт. Лаҳни баёнияҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон оҳанги ҳимоят аз Эронро дошт ва Исроилу Амрикоро ба поймол кардани муқаррароти байналмилалӣ муттаҳам мекард.
Дар сӯҳбати телефонии рӯзи 1 июли миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон - Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ, ба навиштаи сомонаи вазорат, дипломати аршади тоҷик «бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро вобаста ба ҳаводиси ахир иброз намуд». Матбуоти эронӣ навишт, ки Муҳриддин ҳамлаҳои Исроил ва ИМА-ро ба хоки Эрон «маҳкум намуд».
Далели чунин мавзеъгириии фарқкунанда ба ҷуз муштаракоти забонӣ ва фарҳангиву таърихӣ оё омили дигаре низ ҳаст?
Шералӣ Ризоён, коршиноси равобити байналмилалӣ мегӯяд, чунин мавзеъгирии Тоҷикистон табиӣ аст, зеро агар мавзеъгирии кишварҳои туркзабони Осиёи Марказиро дар ҷанги солҳои 2020 ва 2022-и Озорбойҷону Арманистон барои Қаробоғи Кӯҳӣ бубинем, онҳо «Озорбойҷони ҳамзабони худро бо пирӯзиву сарҷамъ шудани тамомияти арзияш табрик гуфтанд».
Ризоён мегӯяд: “Дар сиёсати байналмилалӣ новобаста аз нозукиҳо ва қоидаҳое, ки вуҷуд дорад, кишварҳо ба таври истисноӣ метавонанд барои ҳимоят аз ҳамбастагӣ ва нишон додани ба истилоҳ наздикии тамаддунию таърихию фарҳангӣ ба ҳамин чиз даст зананд. Мавзеъгирии Тоҷикистон аз ин нигоҳ дуруст буд, чун агар ин мавзеъгирӣ намешуд, барои он сиёсатҳое, ки дар кишварамон дар масъалаи эҳёи фарҳанги миллӣ кор мекунем, саволҳои муайяне пеш меомад. Вале агар дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя бигирем, мавқеи Тоҷикистон ҷасурона буд”, - мегӯяд Ризоён.
Дар баробари ишора ба масрафи дохилӣ доштани ин мавзеъгирӣ, ақидае низ садо медиҳад, ки Душанбеи расмӣ ба ҳимояти сиёсӣ дар минтақа ва бештар аз ин рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эрон низ метавонад умед баста бошад.
Раҳматуллоҳ Абдуллоев, донишманди эроншиноси тоҷик ба имтиёзҳое аз қабили бартарӣ дар дарёфти маҳсулоти нафтӣ ва эҷоди роҳу сабукиҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ишора мекунад. Ӯ мегӯяд:
“Бо барқарор шудани муносибатҳои неки тиҷоратию иқтисодӣ мо аз ҳар лиҳоз метавонем афзалият дошта бошем. Ё дар расонидани борҳои тиҷоратии худ ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз тариқи бандарҳои наздики Эрон истифода барем. Аслан Эрон як иқтисоди хеле бузурги пешрафтаву рушдёфта дорад. Ҳамин мушкилоташ, ки мехоҳад ба технологияҳои муосири ҳастаӣ даст ёбад, худ аз он шаҳодат медиҳад, ки ин давлат хеле ба пешрафтҳои техникӣ ва фанноварии сатҳи ҷаҳонӣ дастёбӣ дорад”, - мегӯяд Абдуллоев.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамзабонӣ, ҳамтаборӣ ё ҳамдинӣ? Чаро Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум кард?
Тоҷикистон дар солҳои 2015-2016, ки оғози марҳилаи чандсолаи сардии равобити он бо Эрон буд, зидди аз мақоми нозир ба узви доимӣ табдил шудани Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой раъй дод. Мақомот ва расонаҳои давлатии Тоҷикистон Эронро на танҳо ҳомии Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ, балки сармоягузор ва таҳрикдиҳандаи амалҳои террористӣ, аз ҷумла қатлҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон меномиданд. Ибораҳое аз қабили “дӯсти дар нохунак” ва “кишвари ба ҳама маълум” дар танишҳои лафзӣ аз сӯйи сиёсатмадорони сатҳи болои Тоҷикистон алайҳи Эрон истифода мешуд. Эрон дар навбати худ иддао мекард, ки наздик ба дуним миллиард доллари ин кишвар бо хилофкории тоҷири маъруф Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон “ҳал” шудааст.
Аз диди Шералӣ Ризоён, ин гуна мавзеъгирии Тоҷикистон агар аз сӯйе душвориҳои гузаштаро “ҳамвор” кард, аммо аз сӯйи дигар метавонад риску чолишҳое дошта бошад.
“Худи чунин изҳорот додан, бо назардошти ҷониби дигари ҷанг будани Исроил ва дар пушти ин кишвар будани ИМА ва қудратҳои дигари ғарбӣ, барои сиёсати хориҷии мо баъзе чолишҳоеро низ дошта метавонад. Ин чиз аз он ҳамкориҳое, ки мо бо Эрон дар оянда дошта метавонем, ба маротиб бештар буда метавонад. Яъне ин чолишҳо ва таъсирашон. Вале ҷанг дар Украина ва ҳаммарзии мо бо Чин мақоми геополитикии кишвари моро барои кишварҳои шарику рақиби Чин боло мебарад, ки таъсири ин чолишҳоро кам мекунад,”- таъкид мекунад Ризоён.
Дар ҳоли ҳозир аломате аз ин чолишҳо ва таъсир расонаӣ нашудааст. Изҳороти Тоҷикистон бо мавзеъгирии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамсадо буд ва бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онро ҳаммазмун бо мавзеъгириҳои Русия ва Чин - ду шарики стратегии Душанбе шумурданд. Аз сӯйи дигар дар навиштаҳои таҳлилгарони ҳамсӯ бо Исроил Тоҷикистон аз қабл кишвари рӯ ба Эрон ташхис дода мешавад.
Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, Тоҷикистон солҳои охир ба таври рӯшод ва фаъолона робитаҳои ҳамаҷонибаро бо Эрони ғанӣ аз нафт мустаҳкам мекунад ва ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги воқеъ дар фосилаи 900-километрӣ аз марзашро чун самти мусоиде барои роҳ ёфтан ба бандарҳои тиҷорати ҷаҳонӣ медонад.
Ҳоло ду кишвар дар сафарҳои мустақим раводидро барои 30 рӯз бекор кардаанд ва мехоҳанд, гардиши молу колоро аз 400 миллион доллари феълӣ дар чанд соли оянда ба 1 миллиард доллар бирасонанд.