Аз ҷумлаи аслиҳае, ки акнун ба нерӯҳои Украина намерасад, системаҳои дифои ҳавоӣ аст, ки имкон медиҳад, паҳпод ва мушакҳои Русияро радёбӣ ва нобуд кунанд.
Коҳиши интиқоли аслиҳа ҳамчунин ба муҳимоти ҷангие иртибот мегирад, ки дар аҳди Ҷо Байден, раиси ҷумҳури собиқ ба Украина ваъда карда буданд.
Дар ҳафтаҳои гузашта Русия ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шаҳрҳои Украинаро сахттар кард ва пайиҳам бо садҳо мушаку паҳпод зарба зада, вайронии зиёд бар ҷой гузошт ва теъдоде аз ғайринизомиёнро ҳам кушт.
Фёдр Вениславский, узви Кумитаи амният ва дифои порлумони Украина қарори Амрикоро дарднок хонд, вале изҳори умедворӣ кард, ки роҳи ҳалле пайдо мешавад.
Ӯ гуфт, "албатта ин қарор барои мо бисёр нохушоянд аст. Дарднок аст. Ва дар замоне аст, ки Русия ба зидди Украина, ба маҳаллаву шаҳрҳо, рустоҳо ва шаҳрвандони мо ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳад ва дар ин ҳамлаҳои террористӣ тақрибан ҳар рӯз шаҳрвандони мо мемиранд".
Вокушини сокинони Киев дар робита ба боздоштани ирсоли аслиҳа аз Амрико гуногун ва омехта бо ноумедӣ аст.
Руслан як сокини Киев мегӯяд, "воқеан ин бад аст. Бад аст. Шояд чизи дигаре шавад. Мо худамон ҳам мушакҳои хуб дорем. Низомиёни мо намехобанд, ҳар кореро, ки аз дасташон меояд, мекунанд".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таваққуфи ирсоли силоҳи амрикоӣ украиниҳоро нигарон кардааст
Ба гуфтаи Сергей, як сокини дигари Киев, "хабари нохуш аст, воқеан нохуш. Ба фикрам, захираи каме мондааст, барои вақти зиёде намерасад. Бояд роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ кунем. Ду роҳ аст, ё худамон бештар аслиҳа тавлид кунем ва ё бо Трамп музокира кунем. Бе онҳо, Русия шаҳри моро батамом нобуд мекунад. Амалиёти охирашонро ёд доред? Норасоии аслиҳа эҳсос мешавад ва боз бадтар хоҳад шуд. Барои ҳамин ин хабари бад аст".
Аммо Кремл рӯзи 2 июл бо истиқбол аз хабари таваққуфи кӯмакҳои таслиҳотӣ ба Украина гуфт, ки дар сурати коҳиши фиристодани аслиҳа ба ин кишвар, ҷанг зудтар поён хоҳад ёфт.
Баъди бозгашти раиси ҷумҳур Доналд Трамп ба қудрат дар моҳи январи имсол, лаҳни Амрико нисбат ба Русия нармтар шуд. Ӯ, ки дар ҷустӯҷуи роҳи ҳалли дипломатии хотимаи ҷанг дар Украина аст, шубҳаҳо дар бораи кӯмакҳои ояндаи Амрико ба Украинаро зиёд кард.
Як манбаи низомии Украина гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир кишвараш ба қадри кофӣ тирҳои қутрашон 155-миллиметрӣ барои тӯпхонаҳо надорад, ки дар ҷабҳаи аввали ҷанг истифода мешаванд.
Аз тарафи дигар Доналд Трамп ҳафтаи гузашта ва баъди мулоқот бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, масъалаи ирсоли теъдоди бештари системаи дифои мушакии "Патриот" ба ин кишварро баррасӣ мекунад.
Русия, ки то кунун панҷяки хоки Украинаро дар даст дорад, барои ҳуҷуми тобистона омода мешавад ва ба тадриҷ дар шарқ ва шимол-шарқи кишвар пешравӣ мекунад.
Амрико аз замони оғози ҷанги Русия дар Украина ба ин кишвар бо арзиши 66 миллиард доллар кӯмакҳои низомӣ ва аслиҳа додааст.