"Рӯҳи Озодӣ". 75 соли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

Муҷрии барномаҳои Бахши Маҷории Радиои Озодӣ. Мюнҳен, Олмон, соли 1955.
Радиои амрикоӣ панҷ сол пеш аз ин акс, дар санаи 4 июли соли 1950 ба кор шурӯъ кард

Кормандони Радиои Аврупои Озод номаҳои шунавандагонро қабул мекунанд.
Мақсади таъсиси РАО "ҳифзи рӯҳи озодӣ дар дилу ақлҳои мардуми ноозод" дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ буд

Қароргоҳи РАО дар ин бино дар назди Боғи англисии Мюнҳен таъсис шуд.
Соли 1953 дар канори кишварҳои Аврупои Шарқӣ, барномаҳои Радиои Озодӣ барои кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам роҳандозӣ шуд.

Китобчае ба маблағгузории кори РАО даъват мекунад.
Як қисми маблағгузории РАО аз ҳисоби хайрия ва қисми калонаш тавассути маблағгузории пинҳонии Оҷонсии марказии истихборот таъмин мешуд. Ин чиз барои баёни ошкори хабару гузоришҳо бидуни андешаҳои дипломатӣ мусоидат намуд.

Мавҷгири марказии РАО дар шаҳри Глория наздикии Лиссабони Португалия ҷойгир буд. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) тавассути мавҷи кӯтоҳи қавӣ дар Олмон, Испания ва Португалия садои худро ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва СССР мефиристод.

Низомиёни мусаллаҳ амнияти истгоҳи мавҷҳои миёнаро, ки дар сарҳад бо Чехословакия ҷойгир буд, таъмин мекарданд. Акс аз соли 1955

Сокинони Маҷористон ё Венгрия дар назди пайкараи афтодаи Сталин дар инқилоби соли 1956 ҷамъ шудаанд. Соли 1956 РАО бо иттиҳоми ин ки бисёр сокинони Венгрияро барои ошӯби зидди коммуннистӣ бапо кардааст, мавриди фишори ҳамлаҳо қарор гирифт. Инқилоби Венгрияро ҳукумати шӯравӣ саркӯб кард, ҳазорҳо нафар ҷон доданд.
Баъди чанд сол яке аз мудирони РАО гуфт, ки рисолати радио набояд ин бошад, ки ба мардум бигӯяд, ки чӣ бояд бикунанд, бахусус дар давраи таҷаммуъҳои мардумӣ.

Хабарнигори РАО дар Берлин Том Бодин дар ҷараёни машқҳои низомии миёни англисҳову амрикоиҳо дар ҷангали Берлини Ғарбӣ соли 1964 бо як сарбози амрикоӣ мусоҳиба мекунад.
Радио барои мардуми режимҳои баставу таҳти фишор барномаҳо таҳия мекард.

Духтарчаи лаҳистонӣ дар як барномаи Радиои Озодӣ сӯҳбат мекунад. Дар баробари хабару гузоришҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, дар мавҷҳои РАО барномаҳои тафреҳӣ ва мусиқӣ ҳам садо медод.

Утоқи хабарии Радиои Озодӣ дар Мюнҳен соли 1967.
Соли 1967 маблағгузории Радиои Озодиро Конгресси Амрико ба ӯҳда гирифт.

Истгоҳи назоратӣ дар Мюнҳен. Барномаҳо дар ин ҷо сабт ва аз назар гузаронида мешуданд. Соли 1976 Радиои Аврупои Озод бо Радиои Озодӣ ҳамроҳ шуда, номи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО)-ро гирифт.

Соли 1981 ба бинои РАО/РО бомбае партоб шуд.
Муассирияти кори радио боиси ҳамлаҳо ба бинои он ва ҳам хабарнигоронаш шудааст. Соли 1981 эҳтимолан бо маблағгузории режими Николай Чаушеску дар Руминия, Илич Рамирез Санчез, як пайрави ашаддии ақидаҳои марксистии зодаи Венесуэла (маъруф бо лақаби Карлоси Шағол) ба як қисми бинои РАО/РО дар Мюнҳен бомба партоб кард. Чанд нафар дар дохили ин бино маҷрӯҳ шуданд

Саҳнае баъди таркиши соли 1981. Патрик Мур, таҳлилгари калони РАО/РО баъди ошноӣ бо маҳалли таркиш дар гузорише гуфт, "ин Ҷанги Сард аст ва мо дар ҷабҳаи аввал қарор дорем"

Кормандони амният дар қароргоҳи радио дар Мюнҳен соли 1982.
Чандин хабарнигор ва ҳамкори РАО/РО дар солҳои мухталиф мавиди ҳамла қарор гирифтаанд. Хабарнигори Бахши булғорӣ Георги Марков, ки дар бораи зиндагӣ дар режими коммунистӣ як силсила барномаҳо таҳия кардааст, соли 1978 дар шаҳри Лондон бо заҳри ритсин кушта шуд

Декабри соли 1989 девори Берлин суқут кард.
Баъди яке паси ҳамдигар аз ҳам пошида шудани режимҳои коммунистӣ дар Аврупо, буҷаи радио коҳиш дода шуд.

Ин бино дар маркази шаҳри Прага чун қароргоҳи нави РАО/РО хидмат кард.
Ин биноро президенти Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел бо нархи ночизи иҷора дар ихтиёри Радиои Озодӣ вогузор намуд ва то соли 2009, замони ба бинои дигар кӯчидани расона, барномаҳои радиои Озодӣ аз ин ҷо таҳия мешуданд

Хабарнигори Бахши армании Радиои Озодӣ Рузанна Степанян аз назди низомиёне мегузарад, ки дар муқобили эътирозгарон дар шаҳри Ереван саф оростаанд.
Баъди суқути коммунизм дар Аврупо, чанд бахши аврупоии РАО/РО, аз ҷумла, бахши лаҳистонӣ, чехословакӣ, бахшҳои назди Балтика баста ва бахшҳои дигари мисли Балкан ва Эрон ифтитоҳ шуданд

Хабарнигори видеоии Бахши украинӣ Мариан Кушнир дар ҷабҳаи аввали кор дар ҳафтаи якуми баъди ҳуҷуми Русия ба хоки Украина дар соли 2022.
Аз замони оғози ҷанг РАО/РО дар бораи ҳодисаҳо дар ҷанг гузоришҳои ҳамарӯза, амиқ, муфассал ва бетараф таҳия мекунад. РАО/РО як расонаи байналмилалии матбуотӣ аст, ки дар кишварҳое бо озодиҳои маҳдуд ва режимҳои саркӯбгар барои мардум хабару гузоришҳои беғаразона таҳия мекунад.

Соли 2023 кормандони РАО/РО маъракаи даъват ба озод кардани Алсу Қурмашева, хабарнигори Бахши тоториро барпо карданд, ки дар зиндони Русия қарор дошт.
75 сол баъди таъсисаш, имрӯз РАО/РО бо Кохи Сафед алайҳи қарори баста шудани ин муассиса мубориза мебарад.

Аз Ҷанги Сард то ҷанг дар Украина - аксҳое аз бойгонӣ таърихчаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро баён мекунад, ки 75 сол пеш дар Рӯзи истиқлолияти ИМА ба кор оғоз кард. which began broadcasts on US Independence Day, 75 years ago.