Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Муҳлатеро, ки ба 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик барои ислоҳи камбудҳо ва пешгирӣ аз ихроҷу муҷозот шуданашон дар Русия додаанд, тақрибан ба поён мерасад. На ҳамаи муҳоҷирон дар бораи тафтиши номи худ ва роҳҳои берун овардани он аз рӯйхати "шахсони зери назорат" огоҳии кофӣ доранд.
Дар ду рӯзи ахир тақрибан 60 муҳоҷир ё паноҳҷӯйи афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ (берун) карда шудаанд. Сабаби ихроҷи онҳо маълум нест. Вале як корманди консулгарии Афғонистон дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирон ба воситаи гузаргоҳи "Шерхон Бандар" ба Афғонистон гузаштанд.
Мақомоти Русия нисбат ба як сарбози пойгоҳи 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Айбномаи Ян Букини 22-сола рӯзи 27-уми ноябр дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе эълон шуд.
Асомиддин Назиров, сокини ноҳияи Сангвор, ки дувоздаҳ сол боз барои кор ба Русия меравад, ҷонибдори ташкили Бунёд (Фонд)-и кумак ба муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳост. Ӯ бовар дорад, ки дар мавридҳои ночорӣ муҳоҷирони ниёзманд аз пули он метавонанд баҳраманд шаванд.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз пули фиристодаи муҳоҷиронро ошкор намекунанд. Дар як нишаст дар Душанбе рӯзи 22-юми ноябр нақши барҷастаи онҳо дар таъмини хонаводаҳо ва иқтисоди ҷумҳурӣ эътироф карда шуд.
Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷик, мегӯяд, бар асоси баёноти зерҳимояаш, Шамсуллоҳ Ҳамроҳзода, дар бораи "ришвахории чанд маъмури Додситонӣ" ба мақомот нома навишт, вале онҳо ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала, нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.
Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷик, мегӯяд, бар асоси баёноти як зерҳимояаш дар бораи "ришвахории чанд маъмури Додситонӣ" нома навишт, вале мақомот ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала, нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.
Як фаъоли ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон мегӯяд, истихроҷ ва истифодаи аз меъёр зиёди ангишт ҳавои кишварро олуда ва гузаштан ба иқтисоди сабзро халалдор мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ батакрор аз гузариш ба иқтисоди сабз ҳамчун ҳадафи кишвар дар 15-20 соли оянда хабар медиҳанд. Аммо шубҳа ба иҷрои чунин нақшаҳо зиёд аст.
Бо сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон шикоят аз “лимит”-и барқ ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар шудааст. Мақомот чун ҳамеша аз сокинон даъват доранд, ки барои зимистон омодагӣ бинанд. Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки чӣ омодагӣ дидаанд ва хонаҳои худро чӣ гуна гарм мекунанд?
Даромад ё фоида аз таваққуфгоҳҳо (ҷойи ист)-и пулакии мошинҳо дар шаҳри Душанбе, бар асоси ҳуҷҷатҳо, миёни ҳукумат ва сармоягузорони тарҳ панҷоҳ бар панҷоҳ тақсим мешавад.
Даромади таваққуфгоҳҳо ё ҷои исти пулакии мошинҳо, ки дар шаҳри Душанбе ташкил кардаанд, бар асоси санадҳои расмӣ, миёни ҳукумат ва сармоягузорони тарҳ панҷоҳ дар панҷоҳ таҳсим мешудааст. Ин тарҳ аз сӯи ширкати «Нет Солюшенс» ва «Душанбе Сити Бонк» амалӣ мегардад.
Дар ҳоле ки мақомот бунёду васеъ намудани роҳҳои Душанберо аз ҳадафҳои коҳиши танбашавии мошинҳо меҳисобанд, бархе сокинону ронандагон аз то рафт шиддат ёфтани мушкил нигаронанд.
Дар шаҳри Душанбе, ки хонаи бештар аз як миллион нафар шудааст, танбашавии мошинҳо ба як мушкили ҷиддӣ табдил шудааст. Сабаб чист - зиёд шудани мошин, роҳҳои танг ё беэъиноӣ ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ?
Дар шаҳри Душанбе ба даҳҳо сокини ду бинои навсохт амр додаанд, ки хонаҳоро холӣ кунанд, зеро биноҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд ва ҷойи онҳо бояд бинои дигаре қомат афрозад. Мардуме, ки бо азоби зиёд пул ҷамъ карда хона харидаанд, ҳоло намедонанд, чӣ кор кунанд.
Дар шаҳри Душанбе ба даҳҳо сокини ду бинои навсохт амр додаанд, ки хонаҳоро холӣ кунанд. Додситонӣ гуфтааст, ин биноҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд ва дар ҷойи онҳо бояд баландошёнаҳои дигаре қомат афрозанд. Мардуме, ки бо азоби зиёд пул ҷамъ карда, хона харидаанд, ҳоло намедонанд, чӣ кор кунанд.
Сохтмони баландошёна дар як маҳаллаи шаҳри Ваҳдат боис ба нигаронии сокинон шудааст. Ба қавли норозиён, атрофи ин бинои навсохт пурра баста нашудааст ва мумкин аст, ҳангоми бинокорӣ кӯдакон осеб бинанд. Масъулони ширкат мегӯянд, ҳама кор бар асоси қонун аст.
Сохтмони баландошёнаҳо дар як маҳаллаи шаҳри Ваҳдат боиси нигаронии сокинон шудааст. Ба қавли сокинон атрофи бинои навсохт пурра баста нашудааст ва мумкин аст, ҳангоми бинокорӣ кӯдакони мардум осеб бинанд. Раҳбарияти ширкат мегуяд ҳама кор бар асоси қонун аст.
Йорк Шуграф, сафири Олмон дар Душанбе, гуфт, зиёда аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвари Аврупо кору зиндагӣ доранд, вале омори дақиқи паноҳҷӯён ва мухолифони ҳукуматро номбар накард.
Йорк Шуграф, сафири Олмон дар Душанбе, гуфт, беш аз 30 000 тоҷикистонӣ дар ин кишвари Аврупо кору зиндагӣ доранд, вале омори паноҳҷӯён ва мухолифони ҳукуматро номбар накард. Хабарнигорони Озодӣ аз ӯ дар бораи ҳамкориҳои Душанбеву Берлин, таъсири ҷанги Русия ва риояи ҳуқуқи инсон низ пурсиданд.
Ёфтҳои бештар