Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, мегӯяд, Тоҷикистон барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам ба Русия омода аст.
Баъд аз тақрибан як соли эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон ва тақрибан ду моҳи, ба иддаои мақомот, "орӣ будани кишвар аз беморӣ" ҳанӯз масъалаи пулакӣ ё бепул будани табобати гирифторони бемории ҳамагир ниҳоӣ нашудааст.
Мақомоти Русия гуфтаанд, баъди арзёбии вазъи эпидемиологӣ ва дар сурати собит шудани набуди СОVID-19 дар Тоҷикистон масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои муназзам ба Русияро баррасӣ мекунанд.
Даҳ сокини ноҳияи Хуросонро барои иштирок дар эътироз ва бастани роҳи Бохтар – Душанбе ҳабсу ҷарима кардаанд. Ҳукми онҳо моҳи ноябри соли 2020 эълон шуда, тафсилоташ танҳо рӯзи 9-уми феврали имсол ошкор шуд.
Аз замони марги Муборакшо Мирзошоев, овозхони шинохта, 20 сол гузашт.
Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон гуфтанд, ки тоҷиронро барои, ба қавли онҳо, беасос боло бурдани қимати маҳсулот 11 миллион сомонӣ ҷарима бастанд.
Табибон рӯзи 29-уми январ панҷгоникеро, ки тақрибан як моҳ пеш дар Душанбе ба дунё омаданд, ба хонаи волидон, ба ноҳияи Қубодиён, фиристоданд. Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Бибиоишаро Дилноза Маматоваи 31-сола ба дунё овардааст.
Табибон рӯзи 29-уми январ панҷгоникеро, ки тақрибан як моҳ пеш дар Душанбе ба дунё омаданд, ба хонаи волидон, ба ноҳияи Қубодиён, фиристоданд.
Рӯзи 29-уми январ табибон панҷгоникеро, ки тақрибан як моҳ пеш дар Душанбе ба дунё омад, ба хонаашон ба Қубодиён фиристоданд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо модар ва табибон суҳбат карданд.
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси ҲСДТ ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Писараш Ҳабибулло Ризоев ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шуд.
Шаҳноза Ширинзода, сокини маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Ваҳдат, дар синфи шашум мехонад ва ҳар рӯз зиёда аз се километр роҳро тай карда, ба мактаби деҳаи ҳамсоя меравад. Замоне ки ба синфи аввал мерафт, сохтмони мактаб дар маҳаллаашон оғоз шуд, аммо ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Дар Тоҷикистон солона то 10 дарсади ҷавонони синни хизмат ба артиш ҷалб мешаванд ва аз ин ба баъд онҳое, ки аз ин берун мемонанд, метавонанд бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа дар ҳайати нерӯҳои захиравӣ, соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд.
"Паёми мо ба Толибон ин аст, ки дар ивази таркишу интиҳор рӯй ба намоишгоҳу тавлидот биёрем, то барои мардуми худ хидмат карда битавонем." Ин ҷумлаҳоро Муҳаммадзоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, рӯзи 15-уми январ ба забон овард.
Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сербистон медали нуқра ба даст овард, ки ин натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар риштаҳои ғайриолимпӣ дар соли 2020 мебошад.
Дар ҳоле ки садҳо корбар аз пурра ё қисман дастнорас будани шабакаҳои Фейсбуку Инстаграм ва чанд сомонаи хабарӣ дар Тоҷикистон шикоят доранд, масъулони Хадамоти алоқа гуфтанд, ки "ҳеч мушкил ҷой надорад".
Дар Тоҷикистон ба натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон, ки бар асоси он зиндонии собиқ Содир Ҷабборов ба президентӣ расида, бахши аъзами раъйдиҳандагон гузаштан аз низоми порлумониро ба идораи президентӣ беҳтар донистаанд, назарҳои гуногун доранд.
Ваколатдор ё Омбудсмени ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандиро барои сахттар кардани ҷазо нисбат ба гунаҳкорони озори ҷинсии ноболиғон гирифтааст, аммо мавқеашро дертар эълон хоҳад кард. Айни замон баъзе аз вакилони порлумон бадрафторӣ бо ноболиғонро "дарди ҷомеа" номиданд.
Падари панҷгоники аввалин дар Тоҷикистон гуфт, ки барои нигоҳубин ва тарбияи шоистаи фарзандонаш ба як манзил дар шаҳри Душанбе ниёз дорад. Вале мақомот гуфтаанд, барои панҷгоник дар канори манзили бобояшон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон манзили нав месозанд.
World’s Air Pollution, созмоне, ки вазъи олудагии ҳаворо дар шаҳрҳои ҷаҳон арзёбӣ мекунад, ҳавои Душанберо "олуда ва хатарнок" номидааст. Хулосаи созмон бар асоси нишондодҳои дастгоҳе ҳосил шудааст, ки дар сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ёфтҳои бештар