Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дар як деҳаи Ваҳдат, ки бачаҳояш ба ноҳияи дигар ба мактаб мераванд, барои бунёди мактаб замин доданд, вале соҳибкоронро маҷбур карданд, ки мактаб созанд. Баъд чӣ шуд? Дар ин видео бубинед.
Дар Тоҷикистон 7 хонаи пиронсолон ҳаст, ки дар онҷо беш аз ҳазор шахси маъюбу солманд зиндагӣ мекунанд. Бархе аз онҳоро наздиконашон дар айёми пириву дастнигарӣ танҳо гузоштаанд, бархеи дигар бехонаву дар мондаанд.
Сайёҳони тоҷик мегӯянд, имсол маҷбур шуданд сафар ба Анталияву Дубайро бо рафтан ба куҳҳои баланд, кулу дарёҳо ва маконҳои таърихии Тоҷикистон иваз кунанд.
Бахши ҷаҳонгардии Тоҷикистон рӯзи ҷаҳонии туризмро имсол дар шароити нохуб ва бо оқибаҳои бади пандемияи коронавирус пешвоз мегирад.
"Давлати пирӣ" хулосаи достони як марду зани кӯҳансол дар ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки се набераи маълули худро ба танҳоӣ калон мекунанд.
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва номзади ин ҳизб барои иштирок дар сабқати президентӣ мегӯяд, бо пешниҳодҳои ҷолиб вориди корзори интихоботӣ шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, намояндагони ҳамаи ҳизбҳо дар ҳукумат соҳиби вазифа шаванд ва баъзе аз тиҷоратҳо давлатӣ гарданд.
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва номзади ин ҳизб барои иштирок дар сабқати президентӣ мегӯяд, бо пешниҳодҳои ҷолиб вориди корзори интихоботӣ шудааст. Аз ҷумла Усмонзода мегӯяд, намояндагони ҳама ҳизбҳо дар ҳукумат вазифа гиранд ва баъзе намуд тиҷоратҳо давлатӣ карда шаванд.
Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки номзадияш ба мақоми президент пешбарӣ шудааст, гуфт, бо чанд барномаи муҳим вориди корзори сиёсӣ хоҳад шуд.
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ ва номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон, гуфт, қасди иштирокаш дар интихоботи моҳи октябр "намоишӣ” нест ва талош мекунад ройи бештарро соҳиб шавад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 24-уми август номзадии роҳбари ин ҳизб Рустам Раҳматзодаро (Қудратов) ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Интихоботи ояндаи президентӣ 11-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.
Ҷаъфар Аминов, донишманди ҷавони тоҷик, мегӯяд, бо гузашти беш аз як моҳ аз содир шудани қарори додгоҳ натавонистааст дубора ба ҷойи кори пешинааш дар Пажӯҳишгоҳи геология ва сохтмони ба зилзила тобовар баргардад.
Дар пайи занозании гуруҳе аз ҷавонон дар шаҳри Душанбе як сокини 24-солаи пойтахт ҷон бохтааст ва ҷасади ӯро рӯзи 19-уми август ба хок супурданд.
Бархе аз пизишкони тоҷик гуфтанд, ки ба фарқ аз солҳои гузашта имсол иди касбии худро бо рӯҳияи дигар ва хотираҳои гуногун аз рӯзҳои сахти мубориза ба зидди коронавируси нав ҷашн гирифтанд.
Аз замони ба Тоҷикистон овардани 84 кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷик аз Ироқ як солу чаҳор моҳ мегузарад, аммо масъалаи зери тарбияи давлат ё наздиконашон мондани онҳо ниҳоӣ нашудааст.
Дар чаҳор соли ахир дар бемористони ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара беш аз 1100 ҷарроҳии пластикӣ анҷом додаанд. Пизишкон мегӯянд, ҷарроҳӣ бепул аст ва довталабон бештар биниву рӯй, пӯст ва бахшҳои дигари бадани худро тағйир додан мехоҳанд.
Ёфтҳои бештар