Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” дар ноҳияи Ховалинг ду нафар заҳролуд шудаанд. Яке фавтида дигаре дар бемористон бистарӣ шудааст. Ҳодиса шаби 5 уми январ иттифоқ афтодааст.
Як сокини 70-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ дар вилояти Хатлон, ки дар қатли ҳамсараш гумонбар мешуд, пас аз табобат аз беморхона ба боздоштгоҳ интиқол ёфтааст. Ин мард дар миёнаи моҳи ноябри 2024 ҳамсарашро бо корд кушта, талош кардааст, худро низ бикушад, вале зинда мондааст.
Муҳоҷирони тоҷикро, ки дар Русия солҳои дароз аст, заҳмат мекашанд, яке аз муҳаррикони асосии иқтисоди Тоҷикистон медонанд. Онҳо солҳои охир ба ободгарони диёру зодгоҳҳояшон табдил шудаанд.
Муҳоҷирони тоҷикро, ки дар Русия солҳои дароз аст, заҳмат мекашанд, яке аз муҳаррикони асосии иқтисоди Тоҷикистон медонанд. Солҳои ахир ба ободгарони диёру зодгоҳҳояшон табдил шудаанд.
Баҳси тӯлонии як сокини ноҳияи Фархор (вилояти Хатлон) бо ҳукумати маҳаллӣ мушкили тақсими заминро дар минтақа бармало кардааст.
Мавсими нави бузкашӣ, ки ҳоло дар Тоҷикистон як навъ варзиш медонанд, дар вилояти Хатлон оғоз ёфт. Ин маърака то ҷашни Наврӯз идома хоҳад кард.
Дар ноҳияи Фархор барои баъзе аз зарардидагони офати табиӣ манзилҳои нав сохтанд. Гурӯҳе аз мардуми зарардида аз ин иқдом истиқбол карданд, аммо бархе мегӯянд, мақомот барои ҳама хона насохтанд.
Сокинони Саричашма, яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, солҳо боз мунтазиранд, ки кай роҳи мошингарди онҳо бозсозӣ мешавад.
Дар як маҳаллаи шаҳри Кӯлоб, ки мардум аз сел гурехта онҷо хона сохтанд, ҳар вақте борон борид, айнан ҳодисаҳои 14-15 сол пеш такрор мешаванд. Оби зиёд дар сари роҳу ҳавлиашон ҷамъ шуда хонаҳои баъзе аз онҳоро ҳам нимавайрон ва барои зиндагӣ хатарнок кардааст.
Ҷасади Ботир Эргашев, сарбози Нерӯҳои марзбонии КДАМ-ро, ки дар як қисми низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хидмат мекард, дар зодгоҳаш - деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов - дафн карданд, аммо суолу тахминҳо дар бораи марги ӯ боқист. Вай 20-сола буд.
Сокинон дар деҳаи дурдасти Ҳайбарчашмаи ноҳияи Балҷувон соҳиби об шуданд. То ин замон онҳо маҷбур буданд, ки аз фосилаи ду километр об кашонанд. Ин вазъ пеш аз ҳама бонувонро хурсанд кардааст, ки кори сахти обкашӣ аксаран бар дӯши онҳо буд.
Дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон фаъолияти 26 коргоҳи хурди пахтатозакунӣ қатъ шудааст. Мақомот мегӯянд, коркарди пахта дар ин коргоҳҳо ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ набуд, аммо соҳибкорон ба ин розӣ нестанд.
Дар вилояти Хатлон 1800 корманди давлатиро ба хонаҳои мардум фиристодаанд, то бо сокинон дар бораи либоси миллӣ ва ҷалби ҷавонон бо артиш суҳбат кунанд. Мунтақидон ин корро дахолат ба ҳарими шахсии мардум медонанд.
"Маъракаи фаҳмондадиҳӣ ва ё меҳмонии нохонда дар вилояти Хатлон". Тафсилот аз Маҳмудҷон Раҳматзода.
Дастаи футболи Файзканд дар ноҳияи Восеъ, ки имсол ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳ наёфт, эҳтимол соли охири ҳузураш дар саҳнаи футболро пушти сар мекунад.Чаро?
Дар Данғара, зодгоҳи президенти Тоҷикистон, сохтмони биноҳои маъмурӣ афзоиш ёфтааст. Чанд сол хабаре нашр шуда буд, ки эҳтимол Данғара маркази вилояти Хатлон шавад. Дар матбуот ҳам пешниҳод шуда буд, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ Данғара беҳтарин маркази маъмурӣ барои вилояти Хатлон аст. Дар асл чӣ?
Нархи молу маҳсулот дар бозори назди марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин боло рафтааст.
Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон мардеро, ки ба фиреби ду ҷавони нобино гумонбар аст, дар дохил ва берун аз кишвар ҷустуҷӯ дорад. Ин мард мошини ду бародари нобиноро гирифта, беш аз 5 ҳазор долларашонро напардохтааст. Ҳоло дигар на аз мошин хабар асту на аз марде, ки бо баҳонаи харидан онро рабудааст.
Хукҳои ваҳшӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон даҳҳо ҳектор заминҳои кишту полезиҳои деҳқононро хароб кардаанд.
Хукҳои ваҳшӣ, ки саршуморашон дар минтақаи Кӯлоб зиёд шудааст, кишоварзонро ба дод овардаанд. Имсол ҳамлаи лашкари бузурги гурозҳо ба зироату киштзорҳои мардум зиёд шудааст ва деҳқонон ҳам ба сахтӣ ба онҳо муқовимат мекунанд.
Ёфтҳои бештар