Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи аксҳои гирифтаи Заур Дахте, филмбардори шинохтаи тоҷик муаррифӣ шуд. Хонаводаи ин аксбардори шинохта гуфтанд, 200 акси гирифтаи Заур Дахтеро ба намоиш гузоштанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки оё медонанд созишномаи сулҳ кай ва миёни кадом ҷонибҳо имзо шуд?
Ду муҳоҷири тоҷик, бародарон Саидакрам ва Умар Расулҷонзодаҳо, ки дар Русия ба гуноҳи ҳамла ва латукӯби кормандони пулис зиндонӣ шуда буданд, пас аз адои ҷазо ба Тоҷикистон баргаштанд. Мегӯянд, ба хато роҳ доданд, аммо пулиси Русия низ айбдор буд, ки чунин вазъиятро пеш овард ва онҳоро таҳрик дод.
Марги писарчаи дусола дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе ҷомеаро таккон дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои доғеро ба миён овард. Таҳқиқи қазия аз сӯи додситонӣ оғоз ёфтаст.
Марги тифли дусола дар як кӯдакистони Душанбе вазорати маорифро водор кард, ки бо нашри баёнияе паҳн кардани видеои дилхароши ҷон кандани кӯдакро маҳкум кунад. Худи кӯдакистони хусусии “Саволу ҷавоб” баста аст ва таҳқиқи фоҷиа, ба гуфтаи мақомот, идома дорад.
Манъи корҳои таъмиру бозсозӣ дар масҷиди ба номи Умари Форуқ, ки дар Душанбе бо номи “Масҷиди Аминҷон” маъруф аст, боиси нигаронии бархе сокинону намозгузрон шудааст. Онҳо мехоҳанд аз ҳисоби худ масҷидро таъмиру азнавсозӣ кунанд, вале мақомот иҷоза намедиҳад.
Оҷонсии зидди фасод дар бораи сатҳи фасод миёни 10 ҳазор кас назарпурсӣ гузарондааст. Хулосаи ин пурсиш феълан маълум нест, аммо шикоятҳо аз фасод дар идораҳои давлатӣ кам нест. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар Душанбе пурсиданд, ки дар Тоҷикистон бе додани пора кор саривақт ҳал мешавад?
Рӯзи 16-уми май аввалин гуруҳи зоирини тоҷик барои адои маносики ҳаҷҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Имсол Арабистон барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шудаааст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки имкони ба ҳаҷ рафтан доранд?
Як зан аз шаҳри Турсунзода порае аз ҷигарашро ба домоди хонавода тақдим намуда, ӯро аз марг наҷот додааст. Равшан Каримов, сокини 48-солаи шаҳри Турсунзодаро се ҳафта пеш бо ташхиси “сирози ҷигар” ба Беморхонаи “Истиқлол” овардаанд.
Дар шаҳри Душанбе табибони тоҷик як ҷавонеро аз марг наҷот доданд ва бо кӯмаки хоҳарарӯсаш. Хоҳари ҳамсари ин ҷавони бемор порае аз ҷигарашро ба домоди хонавода дод, ки солҳои дароз аз бемории ҷигар ранҷ мекашид.
Таҷлил аз 80-солагии пирӯзии Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳсҳо бар сари мероси ин пирӯзӣ меафзояд. Хусусан кишварҳое, ки замоне дар як сангар меҷангиданд, имрӯз нигоҳи дигар ба ин ҷанг ва мероси он доранд.
Кумитаи сохтмон дастур додааст, ки ширкатҳои бинокор ҳангоми таҳрезии биноҳо насби панелҳои офтобиро ба назар гиранд. Яъне раҳбарони ширкатҳо аз ҳисоби худ бояд дар боми баландошёнаҳо панелҳои офтобӣ гузоранд. Мақомот мегӯянд, аз ин роҳ таъмини мардум бо нерӯи барқ осонтар мешавад, аммо то куҷо?
Аммо гуруҳи дигар мегӯянд, бо поён рафтани қурби доллар вазъ тағйир нахоҳад кард.
Ҳамасола рӯзи шанбеи севуми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Тоҷикистон таҷлил мешавад. Радиои Озодӣ дар остонаи ин ҷашн аз роҳгузарон дар шаҳри Душанбе пурсид, ки одоби шаҳрнишинӣ чӣ аст ва он то куҷо аз сӯи сокинони пойтахти кишвар риоя мешавад?
Ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, ки аз 11-уми апрел маҳдудият ё лимити барқ дар Тоҷикистон шабона аз байн бурда шуд. Маҳдудият ё лимити барқ дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2024 ҷорӣ шуда буд.
Дар Қирғизистон барои ронандагон ҷазои нав пешбинӣ кардаанд. Бар асоси дастури раиси ҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов, сар аз моҳи сентябри имсол нозирон ҳақ доранд, ронандаи қонуншиканро боздошт ва аз ӯ дар бораи қоидаҳои роҳ имтиҳон гиранд.
Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонзадҳои ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Русия як сол боз аз писараш хабар надорад. Ҳар гоҳ хумори писараш гирад, ба Интернет рӯй меорад, то аксҳои ӯро бинад ва ё дар борааш маълумоте гирад, аммо чизи дилгармкунандае намеёбад.
Ёфтҳои бештар