Дар чанд ҷумла
Баъди пирӯзии Паноҳӣ дар Канн мақомоти Эрон кордори Фаронсаро фаро хонданд

Мақомот дар Теҳрон барои изҳори назари, ба қавли онҳо “таҳқиромези” вазири корҳои хориҷии Фаронса дар робита бо пирӯзии филми коргардони эронӣ дар ҷашнвораи синамои Канн сафири он кишварро фаро хонданд. Дар саҳифаи Х Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷии Фаронса рӯзи 24 май, баъди барандаи “Нахли тиллоӣ” эълон шудани филми Ҷаъфари Паноҳӣ ғалабаи ӯро “иқдоми муқовимат алайҳи режими саркӯбгари эронӣ” номид.
Дар маросими рӯзи шанбе Паноҳии 64-соларо барои филмаш “Як тасодуфи содда” бо шоҳҷоизаи озмуни байналмилалии синамо қадрдонӣ карданд. Дар ин филм панҷ қаҳрамони он зидди марде мубориза мебаранд, ки ба боварашон онҳоро дар дохили зиндон шиканҷа кардааст. Дар ин филм чандин ҳунарпешаи зан бидуни ҳиҷоби маҷбурӣ зоҳир шудаанд.
Хабаргузории IRNA рӯзи якшанбе навишт, ки “дар паи шарҳҳои таҳқиромез ва иттиҳомҳои беасоси вазири Фаронса..., кордори ин кишвар дар Теҳрон ба вазорат даъват шуд”. Дар он гуфта шудааст, ки Эрон “сӯиистифодаи ҳукумати Фаронса аз ҷашнвораи Канн” ба хотири “пешбурди ҳадафҳои сиёсиаш алайҳи Ҷумҳурии Исломиро маҳкум мекунад”. Дар ин бора хабаргузории Франс Пресс хабар додааст.
Дар ҳоле, ки дар ҷашнвораи Канн филми Паноҳӣ, ки аз таҷрибаи дар зиндони Эрон буданаш маншаъ мегирад, мавриди таваҷҷӯҳи зиёди мунаққидон қарор гирифт, дар дохили Эрон расонаҳои давлатӣ хабари пирӯзии филмро нодида гирифтаанд. Бархе расонаҳо, мисли оҷонсии Форс, аъзои ҳакамони ҷашнвораи Каннро “сиёсизада” номиданд. Нашрияҳои “Эътимод”, “Шарқ” ва “Ҳаммеҳан”-и ислоҳталабон хабари пирӯзии Паноҳиро на дар саҳифаи аввал, балки дар дохили нашрияшон чоп карданд.
Худи Паноҳӣ, ки аз соли 2010 баъди борҳо зиндонӣ шуданаш дигар ҳақи филмбардорӣ дар Эронро надорад, дар муроҷиаташ ба ширкатдорони ҷашнвораи Канн мардуми кишварашро ба ваҳдат даъват кард.
Рӯзи 26-уми май Паноҳӣ ва тими ҳунармандонаш баъди бозгашт ба Эрон дар фурудгоҳи Теҳрон бо истиқболи гарми ҳаводорон рӯбарӯ шуданд, ки шиори "Зан, зиндагӣ, озодӣ"-ро ба забон меоварданд.
Ин бори дуюм аст, ки як филмсози эронӣ барандаи “Нахли тиллоӣ”-и ҷашнвораи Канн мешавад. Соли 1997 Аббоси Киёрустамӣ барои “Таъми гелос” ҷоизаи Каннро бурда буд. Киёрустамӣ ҳам дар давоми фаъолияти эҷодиаш бо монеа барои кору фаъолият рӯбарӯ шудааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Трамп ва Путин телефонӣ суҳбат карданд

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико баъд аз як суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, президенти Русия гуфт, "гуфтугу бо Путин ҳеҷ пешрафте ба бор надошт". Суҳбати телефонии президентҳои ду кишвар шоми 3 июн тақрибан як соат идома кард. Ба навиштаи Кремл, Трамп бори дигар масъалаи қатъи сареи амалиёти низомӣ дар Украинаро матраҳ кардааст. Дар посух Владимир Путин омодагии Русияро ба раванди музокира хабар дода, аммо таъкид кардааст, ки Маскав аз ҳадафҳои худ даст нахоҳанд кашид. Доналд Трамп ба расонаҳо хабар додааст, ки гуфтугӯ "ҳеҷ пешрафте надоштааст" ва ӯ аз вазъи Украина "қонеъ нест". Трамп дар посух ба суолҳои хабарнигорон ҳамчунин гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ба Украина силоҳи зиёде дода, ин корро дар оянда низ идома медиҳад. Санаи мушаххаси даври сеюми музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Истанбул ва мулоқоти шахсии Трамп ва Путин низ баррасӣ нашудааст. Ба навиштаи расонаҳо, ҷонибҳо дар ин суҳбат вазъи Эрон, Сурия ва умуман Ховари Миёнаро баррасӣ кардаанд.
КДАМ-и Қирғизистон гурӯҳи калони қочоқчии силоҳро боздошт кард

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти як гуруҳи созмонёфтаи ҷиноие хабар дод, ки ба гуфтаи кумита ба қочоқи силоҳу муҳимоти ҷангӣ муттаҳам мешаванд.
Нӯҳ нафар аз узви ин гуруҳ ба он муттаҳам мешаванд, ки бо баҳонаи истифодаи аслиҳа дар замони муноқиша бо Тоҷикистон дар се соли пеш норинҷак ва дигар муҳимоти ҷангиро дуздида ба муштариёнашон мефурӯхтаанд.
Ба қавли Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон яке аз аъзои гуруҳ аз афсарони феълӣ ва дигаре - узви собиқи неруҳои марзбонии кишвар будаанд. Дар баёнияи расмӣ омадааст, ки аз ин гуруҳ чаҳор норинҷак, туфанг ва дигар анвои тир мусодира кардаанд.
Маълум нест, ки боздошти ин афрод кай сурат гирифтааст ва назари худи муттаҳамон ба ҷиноятро наовардаанд.
Аз се кӯдаке, ки модарашон дар Қубодиён бо корд захмӣ кард, як нафараш дар ҳолати сангин қарор дорад

Мақомоти Қубодиён мегӯянд, ду кӯдаке, ки модарашон онҳоро бо корд зада, захмӣ кард, сиҳат шудаанд, вале аҳволи тифли яксолаи ӯ бад аст ва дар бахши эҳёгарӣ зери назари табибон нигаҳ дошта мешавад.
Модари тифлон Юлдуз Бозороваи 24-сола дар боздошт аст ва маълум нест, ки чаро қасди ҷони кӯдаконаш кардааст. Як сокини деҳаи Қизилнишон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Юлдуз Бозорова рӯзи 21-уми июн як тифлашро дар гаҳвора ва ду нафари дигарро дар рахти хобашон захмӣ кардааст ва дигар аъзои хонавода хабардор шуда, онҳоро ба бемористон бурдаанд.
Ҷузъиёти дигари парвандаи ин зан феълан маълум нест.
Видеои се кӯдаки маҷруҳу бистарӣ чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад ва хашму ҳайрати корбарони зиёдеро ба бор овард, кӣ чӣ гуна модаре қодир аст, чунин кореро дар ҳаққи фарзандони худ кунад.
Тифлони ӯ яке панҷ, дигарӣ 4-сола аст ва хурдӣ ҳанӯз яксола нашудааст. Модари кӯдаконро ҳамон рӯзи ҳодиса дастгир кардаанд.
Ин хабар дар ҳолест, ки бисёр сокинони Тоҷикистонро ҳодисаи ба дарё партофтани чор фарзанд аз ҷониби модарашон дар ноҳияи Фархор ваҳшатзада кардааст. Дар ин ҳодисаи мудҳиш кӯдакон ҳама нобуд шуда, модар зинда аз об берун ва мавриди боздошт қарор гирифтааст. Ин парванда аз рӯи моддаи "куштор" таҳқиқ мешавад.
Le Monde: Дар Фаронса як бонкдори бонуфузи узбекро гаравгон гирифтанд

Тибқи иттилои рӯзномаи фаронсавии Le Monde, рӯзи 23-юми июн дар маркази шаҳри Париж - пойтахти Фаронса, як шахси сарватманд ва намояндаи доираҳои бонуфузи молии Узбекистон — Каҳрамонҷон Олимови 48-сола рабуда шудааст.
Ӯ пас аз тақрибан ду рӯзи дар асорат буданаш баъди пардохти гаравпулие озод гардид. Мақомоти Фаронса ҳодисаро ҳамчун «гаравгонгирӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил» арзёбӣ намуда, як гумонбарро боздошт ва таҳқиқи ҳодисаро ба роҳ монданд.
Каҳрамонҷон Олимов ягона саҳмдори “Анорбанк”-и Узбекистон аст. “Анорбонк”, ба гуфтаи мақомоти узбек, беш аз 1 миллиард доллар сармоя дар ихтиёр дорад ва яке аз 10 бонки пешсафи кишвар дониста мешавад.
Қаҳрамонҷон Олимов рӯзи 21-уми июн аз фурудгоҳи Тошканд ба Париж парвоз карда буд. Ба навиштаи Le Monde, рабояндагон афроди ношинос буда, Қаҳрамонҷон Олимовро аз фурудгоҳи Париж дар дохили мошине ба як виллаи хусусӣ дар наздикиҳои шаҳри Нитса бурдаанд. Ӯ онҷо зери латукӯби шадид қарор гирифт. Ба гуфтаи табибони бемористони «Отел-Дйё» дар Париж, ӯ ҷароҳатҳои зиёд бардошта бистарӣ гардид.
Ҳанӯз мақомоти Фаронса нагуфтанд, ки Олимов бар ивази чӣ миқдор пул озод гардид ва рабояндагонаш киҳо мебошанд. Аз рӯи ин парванда тафтишот идома дорад.
Саудӣ барои "Роғун" ва роҳи ҳалқавии Кӯлоб $130 млн дод

Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди саудии рушд барои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии “Роғун” 100 миллион ва ҳам барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб 30 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дод. Дар ин бора рӯзи 3 июл сомонаи президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин замина рӯзи панҷшанбе мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон Ал-Маршад баргузор шуд ва ҳамкории Тоҷикистон бо ин бунёд мавзӯи асосии гуфтугӯҳо будааст.
Манбаъ менависад, ки раҳбарияти Тоҷикистону Фонди саудии рушд “маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об”-ро баррасӣ карданд.
Тоҷикистон то чанд соли пеш дувумин кишвари бузурги кӯмакгиранда аз Маркази имдодии Шоҳи Саудӣ дониста мешуд. Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон миллионҳо доллар кӯмак кардааст.
Додгоҳ ба USAGM дастур дод, ки пули моҳи июни Радиои Озодиро бипардозад

Ройс Ламберт, як додраси ноҳиявӣ дар Амрико рӯзи 2-юми июл ба Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико ё USAGM дастур дод, ки буҷаи моҳи июни Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро фавран дар ихтиёри ин расона гузорад.
Дар ҳукми худ додрас Оҷонсиро муваззаф кард, то маблағҳое, ки аз ҷониби Конгресс ба ин расона ҷудо шудаанд, барои моҳи июнро бипардозад.
Ин додрас гуфтааст, "USAGM тасмими музокира бо Радиои Озодиро надорад ва ҳеҷ гоҳ маблағҳои Конгрессро бидуни дахолати додгоҳ пардохт намекунад".
Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми июл 75-умин солгарди нахустин пахши озмоишии худро ҷашн мегирад.
Рӯзи 14-уми март имсол USAGM ҳудуди 75 миллион доллар буҷаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро барои моҳҳои март-сентябри соли 2025 боздошт.
Ин кор пас як дастури президент Доналд Трамп анҷом шуд, ки фармон дода буд харҷи кори ҳафт идора, азҷумла USAGM мувофиқи қонунҳо коҳиш дода шавад.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин корро "ғайриқонунӣ" хонд ва алайҳи USAGM иқдоми қонунӣ кард.
Парвозҳо миёни Душанбе ва Машҳад оғоз мешаванд

Дар назар аст, шурӯъ аз фардо, 4-уми июл парвозҳо аз Душанбе дар масири Машҳади Эрон аз сар гирифта шаванд. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии эронии "Varesh Airline" хабар доданд.
Аз ин ширкат гуфтанд, дар ҳоли ҳозир парвозҳо танҳо ба шаҳри Машҳад буда, ҳанӯз маълум нест, ки парвозҳо ба самти Теҳрон кай барқарор мешаванд. Қарор аст парвозҳо ба Машҳад ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом дода шаванд.
Дар пайи даргириҳо миёни Исроилу Эрон, парвозҳо дар фазои Эрон қатъ шуда буд. Ба шаҳрвандони Эрон, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, пешниҳод шуда буд, ки бо дарёфти раводиди Туркманистон тавассути роҳи заминии ин кишвар вориди Эрон шаванд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам тавассути роҳҳои заминӣ аз тариқи Ашқобод ва Боку ба Тоҷикистон баргаштанд.
Дар Тошканд намояндагии Euronews ифтитоҳ шуд

Бунгоҳи хабарию телевизионии Euronews дафтари намояндагии худро дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ кард. Дар ин бора рӯзи 1 июл дафтари матбуоти ВКХ Узбекистон дар саҳифаи телеграмаш хабар додааст.
Дар хабар омадааст, ки “Euronews – яке аз расонаҳои боэътибори ҷаҳонӣ расман дар Тошканд боз шуд. Ин ҳодисаи муҳим баёнгари боз ва омода будани Узбекистон ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аст ва шарики боэътимод будани он кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ намоиш медиҳад”.
Дар изҳороти расмӣ инчунин аксҳое аз маросими ифтитоҳи дафтари намояндагии ин расона нашр шудааст.
Ба иттилои дарёфтӣ, Euronews дар Тошканд як намояндагии Осиёи Марказии ин телевизион мешавад ва бештар дар мавзӯъҳои фарҳангу туризм барномаҳо таҳия хоҳад кард. Ҷузъиёти дигар феълан нашр намешавад, аз ҷумла ин ки оё дар Тоҷикистон ҳам дафтари намояндагӣ боз мекунад ё на.
Euronews як шабакаи бисёрзабонаи телевизионии Аврупо буда, қароргоҳаш дар шаҳри Лиони Фаронса ҷойгир аст. Барномаҳои онро, ки дар бораи ҳаводиси ҷаҳон ва кишварҳои ҷудогона, аз ҷумла Русия ва Украина ҳам мавод таҳия мекунад, тавассути маҳвора ва ҳам шабакаи YouTube дар интернет дидан мумкин аст.
Марги ду низомии рус дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи гузашта ду шаҳрванди Русия ба ҳалокат расидаанд, яке ба гуфтаи мақомот худкушӣ кардааст, дигарӣ дар тасодуф ҷон додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода имрӯз хабар дод, ки Дамир Менклиеви 39-сола, корманди пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон “рӯзи 1-уми июл дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти Лучоб” дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ба дор овехтааст.
Сабабҳои худкушӣ маълум нест ва қазияро мақомот таҳқиқ мекунанд. Аз ин пештар ҳамин кумита эълон кард, ки Вадим Сиганов, сарбози пойгоҳи мазкур рӯзи 26-уми июн ҳангоми параплансаворӣ дар ноҳияи Варзоб ба замин афтода, ҷон додааст.
Ҷасади ӯро наҷотбахшони тоҷик аз як макони душворгузари кӯҳӣ пайдо карда ба хонаводааш супурдаанд. Пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии он кишвар дар хориҷ аст ва дар он тақрибан 7 000 сарбоз хидмат мекунанд.
Боздошти як сокини Душанбе барои рондани мошин ба сӯи милиса

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ронанда хабар дод, ки мошинро ба тарафи кормандони милиса ронда, "аз зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият истифода бурдааст".
Дар хабарномаи ин ниҳод аз рӯзи 2 июл омадааст, ки Аҳлиддин Одинаев дар "Бозори Корвон"-и Душанбе мунтазам қоидаҳои ҳаракатро вайрон намуда, дастури кормандони ҳифзи ҳуқуқро нодида мегирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ пас аз тафтиш ӯро боздошт карданд. Айни ҳол, ӯ дар ҳабси пешакӣ аст ва пулис алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карда, таҳқиқ давом дорад.
Назари худи ронанда ва наздиконаш ба ин қазия маълум нест.
Дар гузашта ҳам дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар мавридҳои ба тарафи кормандони милиса рондани мошин аз сӯи ронандагон, рух дода буд.
Дар як моҳ беш аз 230 ҳазор муҳоҷир аз Эрон ба Афғонистон бозгаштаанд

Созмони байналмилалии муҳоҷират эълон кард, ки дар моҳи июни имсол беш аз 230 ҳазор афғон аз Эрон ба Афғонистон баргаштаанд, ки аксари онҳо ба таври маҷбурӣ ихроҷ шудаанд.
Ин раванд дар ҳафтаҳои ахир шиддат гирифтааст, зеро Эрон барои ҳамаи муҳоҷирони бесанади афғон барои берун рафтан аз он кишвар то 6 июл муҳлат додааст.
Бо ин ҳол, Созмони байналмилалии муҳоҷират мегӯяд, ки шумори ихроҷшудаҳо ҳатто пеш аз фаро расидани муҳлати муқаррарашуда ҳам боло будааст.
Ба гуфтаи сухангӯи ин созмон, байни 1 то 28 июн 234 ҳазор нафар ба Афғонистон баргаштаанд ва аз оғози сол то кунун 691 ҳазор афғон баргаштаанд, ки 70 дарсади онҳо ба зӯрӣ берун карда шудаанд.
Дар бархе рӯзҳои ҳафтаи гузашта, шумори бозгаштаҳо ба 30 ҳазор нафар дар рӯз расидааст.
Пешниҳоди Трамп ба бозбинии имтиёзҳои ширкатҳои Маск

Дар идомаи баҳсҳои лафзии миёни президенти ИМА ва раҳбари кулли ширкати Tesla, рӯзи 1 июл Доналд Трамп пешниҳод кард, ки идораи муассирияти кори ҳукумат (Department of Government Efficiency - DOGE) имтиёзҳои барои ширкатҳои Илон Маск додашударо бозбинӣ кунад. Изҳороти Трамп баъди он садо дод, ки Маск қонуни нав дар бораи андозҳову хароҷотро интиқод намуд.
Саҳмияҳои Tesla дар фурӯшҳои муқаддамотӣ 5% нархашонро аз даст доданд. Мухолифатҳои миёни Трамп ва Маск метавонад ба тиҷоратҳои яке аз сарватмандтарин шахсони сайёра осеби ҷиддӣ расонад.
Оҷонсии Рейтерс менависад, вазорати нақлиёти ИМА дар қабули қарори эҷоди роботакси аз ҷониби ширкати Tesla нақши муҳим дошта, инчунин SpaceX-и Маск бо қарордодҳои федеролӣ бо арзиши 22 миллиард доллар амалӣ мешавад.
Трамп дар Truth Social навишт: “Илон беҳтарин кӯмакпулиҳои давлатиро назар ба ҳар як инсони дигар дар сайёра ба даст меорад ва бидуни ин ёронаҳо, Илон шояд ҳама мағозаҳояшро баста ба Африқои Ҷанубӣ баргардад. Дигар мушаку маҳвораҳо парвоз нахоҳанд кард ва мошинҳои электронӣ истеҳсол намешаванд ва кишвари мо САРВАТИ зиёде захира хоҳад кард. Шояд ҳам DOGE ба ин чизҳо нигоҳи амиқе бикунад? ПУЛИ ЗИЁДЕ САРФА ХОҲАД ШУД!!!”.
Баҳси миёни президенти ИМА ва соҳибкори маъруф аввали моҳи июн шурӯъ шуд. Он замон Илон Маск зидди қонуни нав баромад, ки онро таҳлилгарон ҳам барои 3 триллион доллар хароҷоти иловагиаш интиқод карданд. Баъди як муддат хомӯш шудани баҳсҳо Маск рӯзи шанбе дубора қонунро танқид кард ва онро “харобкорона” номид. Ду рӯз баъдаш ба таъсиси ҳизби наве даъват намуд.
Интиқоди ахир дар муносибатҳои ду дӯсти наздик шикофи ҷиддие эҷод кардааст ва маълум нест, ки то куҷо танқидҳои Маск ба аъзои Конгресс дар қабули қонуни нав таъсиргузор хоҳад шуд.
16 соли ҳабси сокини Узбекистон барои иштирок дар ДОИШ

Додгоҳе дар Узбекистон сокини 46-солаи вилояти Қашқадарёро бо иттиҳоми иштирок дар чандин созмони мамнӯи террористӣ ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Санаи содир шудани ҳукм нашр намешавад, вале ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, тафтишот гуфтааст, фаъолиятҳои ғайриқонунии Обид Сафаров аз соли 2013, замони таъсиси ба истилоҳ созмони динию ифротии “Ҷиҳодчилар” дар Қашқадарё шурӯъ мешавад.
Баъди ин ӯ ба узвияти “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Шохаи Хуросони Давлати исломӣ” (ДОИШ) шомил шуда, бо мақсади ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯён чандин бор аз хоки Русия, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон ва Покистон убур кардааст.
Яке аз иттиҳомҳое, ки ин шаҳрванд содир кардааст, иштирок дар ҳамлаи мушакии болои шаҳри Тирмиз дар соли 2022 мебошад. Он вақт аз хоки Афғонистон ба маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарёи Узбекистон панҷ мушак партоб шуд ва ба моликияти сокинони маҳаллӣ осеб расонид. Сафаровро январи соли 2025 дар Покистон боздошт ва ба Узбекистон истирдод карданд.
Худи маҳкумшуда дар додгоҳ гуноҳашро қисман эътироф кардааст. Ӯро аз рӯи шаш моддаи Кодекси ҷиноии Узбекистон, аз ҷумла терроризм, харобкорӣ, сӯиқасд ба сохти конститутсионӣ, иштирок дар ташкилоти мамнӯъ ва паҳн кардани маводи экстремистӣ маҳкум карданд.
Дар Русия симкортҳои хориҷиҳои сабтиномнашударо қатъ мекунанд

Шурӯъ аз имрӯз, 1 июл дар Русия иртиботи мобилии хориҷиҳоеро, ки аз санҷиши биометрӣ нагузаштаанд, қатъ мекунанд. Дар ин бора рӯзи сешанбе пойгоҳи иттилооти давлатии “Минцифры” хабар додааст.
Ин муассиса гуфтааст, ки аз аввали соли ҷорӣ созиш бо ширкати мухобиротиро танҳо он шаҳрвандоне метавонанд имзо кунанд, ки дар Низоми ягонаи биометрӣ (Единая биометрическая система - ЕБС) сабтином шуда бошанд.
Дар ин ҳолат ҳар як нафар метавонад то 10 симкорти телефонӣ ҳам дошта бошад. То имрӯз, ба иттилои ин пойгоҳ, 2 миллион хориҷӣ аз рӯи қоидаи нав сабтином шудааст. Агар як шаҳрванди хориҷӣ ин талаботро нодида гирифт, бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ мешавад, аз ҷумла, ба мӯҳлати се моҳ ё бештар аз он иртиботи мобилиашро қатъ мекунанд.
Дар Русия шурӯъ аз 1 январ фурӯши симкортҳо ба хориҷиҳо сахттар шуд. Дар вазорати рушди рақамӣ инро ба мубориза бо қаллобон ва дорандагони симкортҳои машкук рабт медиҳанд. Соли 20024 Роскомнадзор беш аз 9 миллион адад симкортҳои хориҷиҳоро масдуд кард.
Баъди ин 6 миллион нафар аз сабтиноми дубора гузаштанд. Дар маҷмӯъ дар Русия 13 миллион хориҷӣ симкорти телефонҳои мобилро дорад.
Ҳушдор аз гармои тоқатфарсо дар Тоҷикистон

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон аз омадани ҳавои гарми тоқатфарсо то марзи 50 дараҷа дар кишвар ҳушдор додааст.
Дар иттилоияе, ки Идораи обуҳавошиносӣ нашр кардааст, гуфта мешавад, ки аз рӯзи 3-ум то 7-уми июл ба сабаби ворид шудани анбӯҳи ҳавои гарм, дар вилояти Хатлон ҳарорат аз 42 то ба 47 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад ва шарқи кишвар ҳам, ки умдатан ҳарорати муътадил дорад, мардум ҳам бояд аз гармии то 42-дараҷаӣ дар сояҳо паноҳ баранд.
Ба гуфтаи Идораи ҳавошиносӣ, ҳарорати баланд метавонад, зудтар пиряхҳоро дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон об карда, сабаби сар задани селҳои пиряхӣ ва баланд шудани сатҳи рӯдхонаҳо дар Бадахшону Суғд шавад.
Аз ин ҷиҳат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба аҳолӣ тавсия додааст, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, то аз хатари селу обхезӣ эмин бимонанд.