Онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бинобар фаъолиятҳои низомӣ ва муборизаҳои шаҳрвандӣ ва ширкат дар эътирозҳо дар Афғонистон, бо таҳдид аз сӯи Толибон рӯбарӯ ҳастанд ва бозгашти маҷбурӣ ба кишвар метавонад зиндагии онҳоро ба хатари ҷиддӣ рӯбарӯ кунад.
Шуморе аз низомиёни пешини афғон дар Эрон мегӯянд, барои дар амон мондан аз ихроҷи маҷбурӣ, аз хонаҳояшон берун намешаванд.
Як марди 54-сола ва низомии пешини афғон, ки бинобар ҳассосияти мавзуъ нахост номаш дар гузориш гирифта шавад, ба шарти тағйири садо ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, бо ҳамсар ва чаҳор фарзандаш ба шаҳри Теҳрон муҳоҷир шуд.
"Раванди ихроҷи маҷбурии низомиёни пешин дар Ҷумҳурии исломии Эрон воқеан нигаронкунанда аст. Яъне, хоб аз чашми мо паридаааст, ба хотири ин, ки он тараф дар Афғонистон "Толибон" дар марз мунтазири мо ҳастанд ва инҷо ҳам набуди кору рӯзгор. Фақат дар байни хона тавонистаем худро нигаҳ дорем, то инки Худое нахоста бо ихроҷи иҷборӣ рӯбарӯ нашавем".
Як низомии дигари афғон, ки 49-сола аст ва акнун дар шаҳри Машҳад зиндагӣ дорад, мегӯяд, ки наздик ба чаҳор сол қабл ҳамроҳ бо хонаводаи ҳафтнафарааш маҷбур ба тарки Афғонистон шуд ва дар ҳоли ҳозир дар вазъияти душворе ба сар мебарад.
Ӯ ҳам ки нахост бинобар ҳассосияти мавзуъ номаш дар гузориш гирифта шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, "фарқ надорад, чӣ низомӣ ва чӣ ғайринизомӣ, ихроҷ мекунанд. Феълан низомиёни мо бадтарин шароитро сипарӣ мекунанд. Ҳеҷвақт чунин сарзаниш нашуда буданд. Дар ҳамин чанд рӯзе, ки "ихроҷ" воқеан зиёд шудааст, хонавода худашон мераванд аз пайи нон ё ба хотири хариди чизҳои зарурӣ. Ман шахсе ҳастам, ки ҳеҷ гуна санад ба ҷуз санади низомиам, ки ҳамон корти ҳуввиятам аст, надорам".
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои ҳамоҳангии намояндагиҳои сиёсӣ ва консулии Афғонистон дар Женева аз ҳукумати Эрон хостааст, то тасмимашро дар баробари ихроҷи муҳоҷирони афғон, ба шумули нерӯҳои амниятӣ ва дифоии пешин, ки ба гуфта ин шӯро, дар рӯбарӯи хатари ҷиддии пайгард, муҷозот ва интиқом қарор доранд, бознигарӣ кунад.
Ин Шӯро ахиран дар сафҳаи Х-и худ бо нигаронӣ аз раванди бозгашти афғонҳо аз Эрон гуфт, умедвор аст, ки Теҳрон дар тасмимгириҳояш муқаррароти байналмилалиро дар назар бигирад.
Дар ҳамин ҳол, фаъолони ҳуқуқи зани афғон низ ҳушдор додаанд, ки дар сурати бозгашт, бо саркӯб, боздошт ва маҳрум шудан аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва маданӣ, рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Гетӣ Муродӣ, яке аз фаъолони ҳуқуқи зан муқими Теҳрон ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо занони Афғонистон ва фаъолони ҳуқуқи зан аз тарси Толибон ва хатар ба ҷонамон ба Эрон фирор кардем ва ҳоло бо ихроҷи иҷборӣ ва бозгашт ба Афғонистон рӯбарӯ ҳастем"
Аз сӯе ҳам, Анҷумани ҳамоҳангии занони фаъоли Афғонистон гуфтааст, ки ихроҷи афғонҳо, ба вижа кормандони пешин, хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи зан, ки дар маърази хатар қарор доранд, ба шиддат нигаронкунанда ва хилофи муқаррароти байналмилалӣ аст.
Ҳукумати Толибон иддао мекунад, ки ҳамаи шаҳрвандон дар Афғонистон дар амнияти комил ба сар мебаранд ва ҳеҷ кас бинобар фаъолиятҳои қаблиаш таҳти пайгард қарор намегирад.
Гузоришҳои СММ ва дигар созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон нишон медиҳад, ки дар наздик ба чаҳор соли гузаштаи ҳукмронии Толибон дар Афғонистон, шумори зиёде аз кормандони ҳукумати пешин, низомиёни собиқ, фаъолони ҳуқуқи зан ва шаркаткунандагон дар эътирозҳо, мавриди боздоштҳои худсарона, шиканҷа ва ҳатто қатл қарор гирифтаанд.
Созмони байналмилалии муҳоҷироат ахиран ихроҷи муҳоҷирони бесанади афғон аз Эронро бесобиқа хонд ва гуфт, ки дар моҳи июн беш аз 256 ҳазор афғон аз он кишвар ба Афғонистон баргаштаанд.
Гуфтугӯ