Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол аз истифодаи ваксинаи "Астразенека" дар кишвар касе бо аворизи бад рӯбарӯ нашудааст.
Ҳаҷвнигорони тоҷик рӯзи 1-уми апрел дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар маҳфили ханда баргузор карданд. Онҳо гуфтанд, ба далели паҳншавии коронавирус як сол боз ҳаводорони худро аз наздик надида буданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки ба зидди Иззат Амон, ҳомии шинохтаи муҳоҷирони корӣ дар Русия бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Пас аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, арзиши гӯшту равған низ гарон шуд.
Тоҷикистон аз истифодаи ваксинаи "Астразенека" худдорӣ намекунад. Дар ин бора Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ рӯзи 18-уми март зимни як нишасти хабарии вижа дар Душанбе хабар дод.
Мушкили камбуди бензин дар Тоҷикистон амиқтар мешавад. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, ки ё дигар бензин надоранд ва ё камчин асту бо нархи гарон медиҳанд. Ширкатҳои воридкунанда ҳеч шарҳ надоданд. Мақомот гуфтанд, ки ба омӯзиши вазъ машғуланд.
Кишварҳои мухталифи олам, ба вижа мамолики Аврупо, бо ишора ба сирояти навъҳои тағйирёфтаи коронавирус, гӯшанишиниро машварат медиҳанд, аммо дар Тоҷикистон ба таҷлили ботантанаи Наврӯз омода мешаванд.
Гаронии нархи бензин ва камчин шудани oн дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигар ронандагонро нигарон кардааст.
Рӯзноманигорони тоҷик бо баргузории маросиме дар шаҳри Душанбе аз иди касбии худ таҷлил карданд, вале ба ҷуз аз тақдими ҷоизаву ифтихорномаҳо, аз мушкилоти соҳа нагуфтанд.
Як ҷавони тоҷик мегӯяд, аз боми бинои 19-ошёнае дар Душанбе, ки сохтмонаш идома дорад, ба рӯйи пойҳояш оҳанпора афтод ва ӯро аз чаҳор ангушту тавони роҳ гаштан маҳрум кард. Ба қавли Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола, ҳодиса моҳе пеш дар кӯчаи Бухорои пойтахт рух дод.
Имсол ҷоизаи ба номи Бӯриннисо Бердиева (сардабири вақти рӯзномаи “Маориф ва маданият” ва қаҳрамони Наврӯз)-ро ба сардабири нашрияи “Вечерка”, Гулнора Амиршоева, доданд.
Радиои Озодӣ дар Рӯзи Модар, ки ҳар сол 8-уми март таҷлил мешавад, паёми зиёде барои занону модарон гирифт, аммо ҳоло навори панҷ нафари онҳоро нашр мекунад.
Хабари аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Кобулу Алмато бисёриҳоро дар Тоҷикистон ба эҳтимоли ҳарчи зуд боз шудани марзи Русия низ умедвор кардааст.
Аъзои оилае дар ноҳияи Рӯдакӣ иддао доранд, ки писари ҳабдаҳсолаи онҳо, Ҳоким Бобоев, аз тарафи як ҳамдарсаш кушта ва сипас қисме аз ҷасадаш оташ зада шудааст. Гумонбарро дастгир кардаанд, вале пайвандонаш ба чунин рафтори ӯ бовар надоранд
Рӯзи 26-уми феврал аҳли фарҳангу адабиёт ва сиёсат дар маҳфиле дар Душанбе барои таҷлил аз 80-солагии Абдунабӣ Сатторзода, донишманд ва дипломати тоҷик, ҷамъ омаданд. Сатторзода узви Кумисюни оштии миллӣ ва муовини собиқи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.
Саидамир Зуҳуров, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муовини сарвазир, Вазири корҳои дохилӣ ба синни 70 расид. Ҳоло ӯ дар ҳалқаи фарзандону наберагон даврони пирӣ меронад.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар баробари занони танфурӯш, барои мардон ҳам ҷазои сахт дар назар гирифта шавад, зеро агар занон аз ҳисоби мардон "муштарӣ" надошта бошанд, чунин амал сурат намегирад.
Ёфтҳои бештар